12 Март 2022 - 19:05
Дастгирии бародари яке аз асоситарин саркадагони ДИИШ дар Ироқ

Фармондеҳи амалиёти Бағдод аз дастгирии бародари яке аз асоситарин саркардагони гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҷануби ғарбии ин шаҳр хабар дод.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросн ба нақл аз  Эн Ор Ти-и Ироқ, нерӯҳои полиси федероли Ироқ бо ҳамкории нерӯҳои дастгоҳҳои иттилоъотӣ ва амнияти миллӣ ва посгоҳи полиси минтақаи "Ал-Сайдия" дар ҷануби Бағдод як гумонбари ДИИШ-иро тибқи моддаи 1.4 мубориза бо терроризм дар минтақаи "Ал-Сайди" дастгир карданд, ки пас аз таҳқиқоти авалия мушахас шуд, ки ӯ бародари яке аз саркардагони аслии гурӯҳи террористии ДИИШ дар минтақаи "Ал-Фурот" дар ҷануби ғарбии Бағдод ба шумор меравад.

  • Бар асоси ин гузориш нерӯҳои полиси федероли Ироқ тавонистанд дар амалиёти тафтиш ва ҷустуҷу дар маҳали дастгирии ин террорист, миқдори муҳимот ва маводи мунфаҷира кашфу забт кунанд.
  • Манобеъи ироқӣ гузориш доданд, ки дар ҷараёни бозрасӣ аз бинои маҳали сукунати мутаҳам дар минтақаи Ал-Карода дар ғарби Бағдод низ якуним килограм маводи мухаддири "Кристал" ба ҳамроҳи як силоҳи камарӣ кашфу забт шуд.

Ироқ дар соли 2017 пас аз 3 сол набард, пирӯзӣ бар гуруҳи террористии ДИИШ-ро эълом кард, аммо унсурҳо ва ҳастаҳои пароканда ва хуфтаи ин гурӯҳи террористӣ ҳамчунон дар бархе минтақаҳои устонҳои мухталифи Ироқ аз ҷумла "Салоҳиддин" ва "Ал-Анбор" фаъол ҳастанд.

342/